Саволҳо
1. Кӣ метавонад дар Digital Camp Tcell иштирок намояд?
Digital Camp Tcell – мусобиқа барои дастаи одамоне, ки хоҳиши сохтани вебсайти босифатро доранд. Ҳама кас метавонад иштирокчӣ бошад: донишҷӯён, гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Одатан, даста аз шахсони зерин иборат аст:

• Барномасоз (дорои ягон дониши техникӣ)

• Дизайнер ва коршинос дар соҳаи дарки корбар (UX)

• Барномасози тиҷоратӣ, бозоршинос, менеҷери маҳсулот ва илҳомбахши идеологӣ.
2. Дар як даста миқдори камтарин ва зиёдтарин чанд нафар аст?
Ҳар як даста набояд кам аз 2 ё на зиёдтар аз 5 нафар дошта бошад.
3. Ман чӣ тавр иштирок менамоям?
Чӣ тавр иштирок кунам? Барои иштирок, дар аввал ба шумо лозим аст, ки ба қайд гирифта шавед. Ин дар сомонаи мо анҷом дода мешавад. Баъд аз бакайдгирӣ, шумо бояд лоиҳаи худро пешкаш намуда ба дастаи худ иштирокчиёнро интихоб намоед.
Барои иштирок дар Tcell Digital Camp, дар илова ба пур кардани аризаи онлайн, ирсол ва муаррифии лоиҳаи худ пайвастшавӣ ба бастаи интернетии G + 10000(http://www.tcell.tj/tj/internet/options-and-services/g-plus-option.php) дар маркази хизматрасонии Tcell Plaza ҳатмист. Баъди пайвастшавӣ, шумо соҳиби ваучери махсус мегардед, ки имкон медихад дар лоиҳа иштирок намоед.
4. Ман чӣ тавр идеяи худро фиристам?
Аввал шумо бояд худ ва дастаи худро бақайд гирифта, баъдан идеяи худро дар формати «Pitch presentation», ки шумо метавонед аз сомонаи мо боргирӣ намоед, ирсол намоед. Идея дар формати намоиш (Pitch) бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: DigitalCamp@tcell.tj ирсол намуд. Дар намоиш шумо метавонед ҳама ҷиҳати идеяи худро тавсиф намоед.
5. Чӣ тавр ба даста ворид шуд?
Агар шумо дастаи худро надошта бошед ва дорои идеяи нодир бошед, ба шумо захираҳои иловагӣ лозим аст ва шумо метавонед ба дастае, ки дорои идеяи монанд ҳаст, ба он бипайвандед. Худро дар алоҳидагӣ бақайд гиред ва шумо ба дастае илова мегардед.
6. Сохтани сомона лозим аст?
Бале. Шумо бояд идея / маҳсулот / хизматрасонӣ / лоиҳа дошта бошед. Вале дар охири мусобиқа шумо бояд сомонаи фаъол ва бақайдгирифташуда дошта бошед.
7. Сохтани сомонаи мобилӣ лозим аст?
Дар озмун идеяҳо барои сохтани сомона қабул мешаванд. Ҳадди ақал шумо бояд сомонаи фаъол, маълумот дар ҳаҷми на кам аз 10 саҳифа ва шакли мобилии сомонаро дошта бошед.
8. Оё ягон критерия барои иштирок дар мусобиқа вуҷуд дорад?
Бале, вуҷуд дорад. Шарту шароитҳои мусобиқаро дар сомона метавонед дарёфт намоед.
9. Оё ман метавонам беш аз як идея барои як категория фиристам?
Не. Шумо метавонед танҳо як идея / лоиҳа/ маҳсулот / хизматрасониро барои ҳар як категория фиристед.
10. Оё ман метавонам идеяҳоро ба 2 ё зиёда категория пешниҳод намоям?
Шумо метавонед як идеяро барои як категория фиристед. Агар дар рафти пешнамоиш 1 ё бештар идеяи шумо қабул гардад, ба шумо лозим аст якеи аз он идеяҳоро барои иштирок дар даври навбатӣ интихоб намоед (давраи такмил ва рушди идея). Ин бо он мақсад карда мешавад, ки ба дастаҳо ба идея / маҳсулот / химатрасоние, ки онҳо беҳтарин мешуморанд, имкони диққати пурра дода шавад.
11. Чӣ мешавад, агар ман идея дорам, вале даста надорам?
Дунболи шахсони ҳамфикр шавед, ки дорои донишу малакаи зарурӣ барои иштирок намудан дар Digital Camp Tcell ҳастанд, аз онҳо хоҳиш намоед, ки ба идеяи шумо бипайванданд.
12. Чӣ мешавад, агар ман идея надошта бошам, вале мехоҳам иштирок намоям?
Шумо метавонед худро бақайд гирифта, муаррифномаи худро фиристед, ки дар он донишу малакаи шумо ва шавқи ба кадом идея иштирок намудан ишора гашта бошад. Мо кафолат намедиҳем, вале кӯшиш менамоем шуморо ба ягон даста бипайвандем. Он аз миқдори иштирокчиён вобаста мебошад.
13. Баъди фиристодани идеяи худ, ман мехоҳам ба он тағйирот ворид намоям. Оё инро метавон кард?
Бале, то мӯҳлати охирин шумо метавонед маълумотро тағйир диҳед. Баъд аз анҷом, мо намоишҳои тағйирёфтаро қабул наменамоем.
14. Баъд аз тасдиқ шудани идея, чӣ мешавад?
Баъд аз тасдиқ шудани идея, ҳайати коршиносон идеяҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, онҳоро мутобиқи критерияҳои стандартӣ арзёбӣ менамоянд. Дар натиҷа, на бештар аз 15 даста интихоб мегардад, ки онҳо ба семинарҳо ва тренингҳои касбӣ роҳхат мегиранд. Дар ин давра, 15 дастаи интихобшуда бояд мутобиқи талабот ҳадди ақал сомона таҳия намоянд.
15. Чӣ мешавад, агар ду даста идеяҳои монанд пешниҳод намоянд?
Дар асл, мо дастаҳои дорои идеяҳои монандро ташвиқ менамоем, ки бидуни пинҳонӣ бо он чизе ки шумо кор мекунед ва он чизе, ки анҷом дода шудааст, бо якдигар кор карда, ба якдигар ёрӣ расонанд,
Аз ин лиҳоз, мо аз иштирокчиён хоҳиш менамоем консепсияро бодиққат таҳия намуда, мушаххасоте ки дар намоиш дарҷ гардидааст, дуруст ворид намоянд.
16. Чаро ба мо семинар ва тренинг лозим аст?
Дарсҳо бо мақсади касби бештари донишҳои ҷаҳонӣ, таҷричаи иҷрои корҳо бо усули навоварӣ ва аз худ кардани истеъдоди пешбурди тиҷоратӣ навоварона аз ҷониби мутахасиссони соҳа барои иштирокчиён пешбинӣ шуда аст. Натиҷаи семинарҳо ба дастаҳо барои чуқуртар фаҳмидани вазъи имрӯза ва проблемаҳои категорияҳои муайян ва ҳимояи онҳо дар такмили идеяҳо, мусоидат менамояд. Омӯзиш ба иштирокчиён барои омӯхтани таҳияи сомона, сохтани бизнес модел ва дуруст муаррифи намудани идеяҳо ба шарикон, ёрӣ мерасонад. Иштироки дастаҳо дар семинарҳо ва тренингҳо ҳатмист.
17. Семинарҳо ва тренингҳо дар кадом сана гузаронида мешаванд?
Иштирокчиёни интихобгашта соҳиби барномаи муфассалли семинарҳо ва тренингҳо мегарданд. Дар сомона Шумо маълумоти бештарро оиди мавзӯхои тренингҳои дарпешистода хоҳед гирифт. Ҳафтаи аввалин аз омӯзишҳо дар мавзӯи банақшагирии соҳибкорӣ, маркетинг ва рушди соҳибкорӣ иборат аст. Дар 10 рӯзи оянда иштирокчиён бо корҳо оиди сохтор, тарҳрезӣ, маводи сомона ва бо семинарҳои омўзгорон шинос мешаванд. Дар ҳафтаи охирин бо дастаҳо - коршиноси байналмиллалӣ оиди ҳавасмандгардонии рақамӣ (digital promotion)кор хоҳад кард.
18. Оё ҳамаи дастаҳо метавонанд ба семинарҳо ва тренингҳо иштирок намоянд?
Семинарҳо ва тренингҳо бо мақсади мустаҳкам намудани дониш оиди мавзӯъҳои мушаххас гузаронида мешаванд, барои ҳамин як ё ду нафар аз ҳар як даста дар ин семинарҳо ва тренингҳо метавонанд иштирок намоянд. Роҳбари дастаҳо бояд бо аъзоёни дастаи худ ҳамоҳанг намуда, номи як нафари аъзои худро барои иштирок дар семинар ва тренинг пешниҳод намоянд. Масъалан, беҳтар аст як нафар, ки ҳамчун таҳиякунандаи тиҷоратӣ дар даста иштирок менамоянд, ба тренинг оиди рушди тиҷорат иштирок намояд. Инчунин, дигар иштирокчиёни дастаро лозим аст ба тренингҳое, ки бевосита ба мавқеи онҳо дар лоиҳа алоқаманд аст, иштирок намоянд. Пас аз ба охир расидани семинарҳо ва тренингҳо, ба назар аст, ки ҳар як аъзои даста ҳадди ақал дар як семинар ё тренинг иштирок намояд ва ҳар як даста дониши лозимиро аз ҳамаи семинарҳову тренингҳои баргузоршуда омӯзад.
19. Баъди семинарҳо ва тренингҳо чӣ мешавад?
Баъди семинарҳо ва тренингҳо, дастаҳо бояд идеяи ниҳоии худ ва ҳадди ақали сатҳи омодагии маҳсулотро пешниҳод намоянд. Дастаҳо аз рӯи маҳсулоти ниҳоӣ баҳо дода мешаванд. Барои мусобиқаи ниҳоӣ, се даста интихоб мегардад.
20. Аз рӯи кадом критерия ғолибон интихоб мегарданд?

1. Аҳамияти проблема (вазн ҳангоми қабули қарор: 20%)

Идеяҳо бояд дар ҳалли мушкилоте, ки айни замон нисбатан муҳимтар мебошад, кӯмак намояд. Ҳар як идея аз рӯи ҷанбаҳои зерин баҳо дода мешавад:

• Мушкилие, ки сомона ҳал намуда истодааст то чӣ андоза муҳим аст?
• Барои ҳалли ин мушкили, таҳия намудани сомона то чӣ андоза муҳим аст? Агар он муҳим бошад, сомона барои ҳалли ин мушкили то чӣ андоза таъсирбахш (ҳам аз рӯи сифат ва ҳам аз рӯи миқдор) аст?
• Оё ин қарор асоси ҳалли мушкилоти оянда шуда метавонад?
• Оё ин ҳалл танҳо як қисми проблема ё тамоми проблемаро ҳал карда метавонад?
• Оё ин идея беҳамто ва инноватсионӣ аст? Идеяҳо набояд аз ҳалли мавҷуда дар дигарҷо нусхабардорӣ шуда бошад. Гарчанде, идея дар асоси мафҳуми мавҷуда пешниҳод гашта бошад, дастаро лозим аст хусусиятҳои навоварӣ, беҳамтогии идея ва мутобиқати он ба шароити маҳаллиро тавсиф диҳанд.

2. Маҳсулот (вазн ҳангоми қабули қарор: 20%)

Идеяҳо то он даме, ки таҳия ва татбиқашон нагарданд, қабул намегарданд. Дастаҳое, ки дорои идеяҳои умедворанд бояд маҳсулоти босифат таҳия намоянд. Аз ин лиҳоз, ҳангоми арзёбӣ намудан бандҳои зеринро бояд ба назар гирифт:

• Оё сомона ба идея, шарҳ ва дигар омилҳое, ки муаррифӣ гардид, арзанда аст?
• Оё компонентҳо ва функсияҳои сомона барои ҳалли мушкилие, ки даста тасмими ҳал дорад, арзанда аст?
• Оё компонентҳои сомона инноватсионӣ ва осонфаҳм аст?
• Оё сомона барои истифодабаранда қулай аст?

3. Бизнес модел (вазн ҳангоми қабули қарор: 20%)

Идея бояд тариқи сохтани бизнес модел имкони рақобатпизирӣ дошта бошад. Дар натиҷа, бизнес модел ин ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад ва ҷанбаҳои зерин бояд ба назар гирифта шавад:

• Оё идея барои истифодабарандагон ягон фоидае меорад?
• Оё идея аз имкониятҳои озод истифода намуда, талаботи бозорро қонеъ мегардонад?
• Чӣ тавр омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ дар як идеяи мушаххас дар замони ҳозира ва оянда нигоҳ дошта мешавад?
• Оё идея метавонад бозори имконпазирро ба даст оварад ва дар оянда рушд ёбад?
• Оё даста омода аст бо рақибони эҳтимолӣ дар бозор дар замони ҳозир ва оянда рақобат намояд?
• Оё даста хоҳиши дар бозор пеш бурдани маҳсулоти худ аст?
• Оё идея имкони ба даст овардани даромадро дорад?
• Нақшаи рушди устувор то чӣ андоза хуб аст?

4. Имкони густариши ҷаҳонӣ (вазн ҳангоми қабули қарор: 20%)

Оё даста ҳалли инноватсионии назаррас барои рушд ва густаришро дорост (ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ)? Дар ин банд, ҷанбаҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:

• Оё даста имкони васеътар намудани фаъолияти тиҷоратии худ ба ҳудудҳои калонтарро дорад?
• Арзёбии имконияти густариши тиҷорат ба сатҳи байналмилалӣ (дигар кишварҳо, минтақаҳо ва ғайраҳо).
• Даста то чӣ андоза омода аст тиҷоратро васеътар намояд?

5. Тарзи гузаронидани намоиш ва баромад (weight in decision-making: 20%)

Дастаҳо биниш ва нақшаи худро баён намуда, ҳатто дар сатҳи аввали лоиҳа, нишон диҳанд, ки онҳо беҳтаринанд. Ҳангоми арзёбӣ намудани намоиш ва муаррифӣ намудани идея бандҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

• Намоиши умумии идея то чӣ андоза хуб аст?
• Оё муаррифии он барои фаҳмидани идея ва маҳсулот осон ва рӯшан буд?
• Намоиш чӣ тавр тартиб дода шудааст?
• Маводҳои ёрирасон барои фаҳмидани идея ёрирасон буд?
21. Баъди қабул шудани корҳо барои озмун, финалистон бояд чӣ кор кунанд?
Финалистон дар маросими асосии мусобиқа иштирок намуда, аз роҳбарони худ барои омода намудани маҳсулоти ниҳоии худ, дастур мегиранд ва аз ҷониби коршиносони маҳаллӣ ва байналмиллалӣ рӯҳбаланд мегарданд. Баъд аз он, финалистон идеяи худро муаррифӣ намуда, онро ба ҳайати ҳакамон ва ҳозирон намоиш медиҳанд.
22. Финалистон барои муаррифӣ намудани идеяҳои худ чӣ қадар вақт доранд?
Ҳар як дастаи финалистон на беш аз 10 дақиқа барои намоиш дошта, 2 дақиқаи дигар барои саволу ҷавобҳо доранд.
23. Ғолибон чӣ тавр интихоб мегарданд?
Бо эълон намудани натиҷаҳои баҳо гузоштани муаррифномаҳо(презентация) дастаҳои ғолибгашта интихоб хоҳанд шуд, ки ҷойҳои 1, 2, ва 3-юмро ишғол мекунанд.
24. Ба ғолибон кадом ҷоизаҳо дода мешавад?
Дастаи ҷои 1-умро ишғол намуда соҳиби 3000 сомонӣ барои рушди идеяҳои нави бизнес хоҳад гашт. Илова бар ин ба даста Wi-Fi роутер бо пайвасти интернет 4G-и ройгони бемаҳдуд да тӯли 1 сол, домен ва хостинги сомона дар тӯли 1 сол тӯҳфа карда мешавад. Дастаи ҷои 2-умро ишғол намуда соҳиби 2000 сомонӣ барои рушди идеяҳои нави бизнес хоҳад гашт. Илова бар ин ба даста Wi-Fi роутер бо пайвасти интернет 4G-и ройгони бемаҳдуд да тӯли 1 сол, домен ва хостинги сомона дар тӯли 1 сол тӯҳфа карда мешавад. Дастаи ҷои 3-умро ишғол намуда соҳиби 1000 сомонӣ барои рушди идеяҳои нави бизнес хоҳад гашт. Илова бар ин ба даста Wi-Fi роутер бо пайвасти интернет 4G-и ройгони бемаҳдуд да тӯли 1 сол, домен ва хостинги сомона дар тӯли 1 сол тӯҳфа карда мешавад.
25. Агар дастаи мо ғолиб гардад, кай мо соҳиби ҷоизаҳои худ мегардем?
Гарчанде, ки ғолибони мусобиқа дар давоми маросими финалӣ эълон мегарданд, дастаҳо то 10 август вақт доранд маҳсулоти ниҳоии худро омода намуда, ирсол намоянд. Ҷоизаҳо пас аз қабул намудани шакли ниҳоии маҳсулот тақсим карда мешавад. Вақти аниқи додани ҷоизаҳо ба ғолибон, дар рӯзи охирони супоридани маҳсулот, дар санаи 5 август эълон карда мешавад. Ҳар як дастаи ғолибшуда бояд бовар ҳосил намоянд, ки маҳсулоти ниҳоии онҳо, ки дар маросими финалӣ намоиш дода шуд, ҷавобгӯ мебошад.
Made on
Tilda